Қоидаҳои хизматрасонӣ
Қоидаҳои обуна ва пешниҳоди хизматрасонии онлайн- кинотеатри Иви барои муштариёни МегаФон
Тоҷикистон
Хизматрасонии онлайн-кинотеатри Иви (минбаъд – Хизматрасонӣ) ба муштариёни ҶСП «ТТ Мобайл» бо тамғаҳои
молии «Мегафон Тоҷикистон» (минбаъд Муштариён) аз ҷониби ҶДММ “Сан Коннект” (минбаъд Провайдер) пешниҳод
карда мешавад. Таркиби Хизматрасонӣ (филмҳо, силсилафилмҳо ва дигар контенти видеоӣ, ки дар таъминоти
барномавӣ ва замимаҳои мобилӣ ҷойгиранд) аз ҷониби Провайдер тибқи Шартномаи литсензионӣ, ки бо ҶДММ
«Иви.ру» баста шудааст (минбаъд Соҳиби ҳуқуқи) пешниҳод карда мешавад.
1. Муқаррароти умумӣ
1.1 Ҳуҷҷати мазкур қоидаҳо ва шартҳои истифодаи Хизматрасониро аз ҷониби Муштариёне, ки пас аз
пайвастшавӣ ва бақайдгирӣ бо истифода аз Хизматрасонӣ Истифодабарандагони хизматрасонӣ ва
хизматрасониҳои аз тарафи Провайдер пешниҳодшаванда мегарданд, муқаррар менамояд.
1.2 Бо пайвасткунӣ ва истифодабарии Хизматрасонӣ дар суроғаи ivi.ru ё шаклҳои мобилии сомонаи зикршуда
(минбаъд - Сомона) ва инчунин бакордарории замимаҳои хизматрасонӣ шумо тасдиқ мекунед, ки бо шартҳо
шинос шудед ва розӣ мешавед, ки Қоидаҳои обунаи мазкурро пурра риоя кунед. Аз лаҳзаи пайваст кардани
Хизматрасонӣ шумо корбари Хизматрасонӣ (минбаъд - Корбар) мегардед ва муқаррароти ин Қоидаҳо, инчунин
Созишномаи иҷозатномавӣ, Ариза оид ба махфият, Шартҳои истифодабарии барномаи Иви, ки дар манбаъҳои
Соҳибҳуҳуҳ ҷойгир шудааст, комилан ба шумо дахл хоҳанд дошт.
1.3 Хизматрасонӣ ба Корбарон дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳангоми фаъол будани интернет пешниҳод мегардад.
Барои тамошои видео-контент бо сифати стандартӣ суръати на камтар аз 1 Мб/с, барои Full HD бошад – 6Мб/с
зарур меояд. Дар баробари ин, агар дар ягон кишвари ҷаҳон контент дастнорас гардад – он аз Хизматрасонӣ
берун карда шуда, барои тамошо дастнорас мешавад.
1.4 Корбар ӯҳдадор мешавад, ки Хизматрасониро танҳо бо мақсадҳои шахсии ғайритиҷоратӣ истифода барад,
шартҳои истифодаи Хизматрасониро риоя кунад, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Провайдер, Соҳибҳуқуқ,
Соҳибҳуқуқони контент ва/ё Операторро вайрон накунад.
1.5 Истифодабаранда ӯҳдадор мешавад, ки бо шартҳои ин Қоидаҳо шинос шавад ва тағйироти онҳоро мустақилона
назорат кунад. Идомаи истифодаи Хизматрасонӣ аз ҷониби Истифодабаранда пас аз воридшавии ҳама гуна
тағйирот ва/ё иловаҳо ба матни Қоидаҳо маънои розигии Корбарро ба чунин тағйирот ва/ё иловаҳо дорад.
1.6 Истифодабаранда бо ҳамин тасдиқ мекунад, ки ӯ ба синни 18 ё синни дигаре расидааст, ки ҳадди ақал дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамошо кардани Контенти дахлдор ва/ё имконияти анҷомдиҳии пардохти ҳаққи
тамошои Контент дар ҳолатҳои аз ҷониби Провайдер пешбинишуда мувофиқ бошад. Корбаре, ки ба синни зарурӣ
нарасидааст, ӯҳдадор мешавад, ки мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастрасӣ ба чунин
Контент ва/ё аз пардохт барои тамошо кардани он бе розигии падару модар, падархонду мондархонд, васиён,
парасторон ё дигар намояндагони қонунӣ худдорӣ намояд. Дар акси ҳол, масъулият барои вайрон кардани
шартҳо аз ҷониби Корбаре, ки ба синни зарурӣ нарасидааст, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба зиммаи волидон, падархону модархонд, васиён, парасторон ё дигар намояндагони қонунӣ
вогузор карда мешавад. На Провайдер ва на Оператор барои қонунияти тамошо/гӯш кардани Контент аз ҷониби
Корбар масъулиятро ба зимма надоранд.
1.7 Ҳангоми истифодаи Хизматрасонӣ ба Корбар анҷомдиҳии ягон амале, ки ба саркашӣ аз воситаҳои техникии
муҳофизат аз истифодаи беиҷозати хизматрасонӣ, тамошо/гӯш кардан, нусхабардории Контент, бахусус
системаи маҳдудияти ҳудудии дастрасӣ ба тамошои Контент аз рӯйи IP-суроғаҳо нигаронида шудааст, ва
инчунин амалҳои дигаре, ки ба тағйирдиҳии хусусиятҳои функсионалӣ ва ноустувор кардани фаъолияти
Хизматрасонӣ равона гардидаанд, иҷозат дода намешавад.
1.8 Бо обуна шудан ба Хизматрасонӣ Корбар барои дар дилхоҳ вақт дастрас намудани маводҳои
рекламавӣ-иттилоотӣ, sms ва push-огоҳиҳои Провайдер ва Оператор бо ҳама гуна роҳу воситае, ки нисбати
Созишномаи мазкур ва бахусус интерфейси Хизматрасонӣ татбиқ гардида, мутобиқи Қонунгузории амалкунанда
манъ карда нашудааст, розигии худро баён менамояд. Дастраскунии маводҳо инчунин тариқи суроғаи почтаи
электронӣ, рақами телефони Корбар ё воситаи дигар имконпазир аст. Корбар розӣ мешавад ва тасдиқ мекунад,
ки розигии додашуда аз лаҳзаи пайвасткунии Хизматрасонӣ ва дар давоми ним сол баъди қатъи истифодаи
Хизматрасонӣ эътибор хоҳад дошт.
1.9 Провайдер ҳуқуқ дорад, ки дар мувофиқа бо Оператор матни Қоидаҳоро тағйир диҳад ё пурра намояд.
2. Тавсифи Хизматрасонии “онлайн-кинотеатри Иви”
2.1 Хизматрасонии “онлайн-кинотеатри Иви” ба Муштариёни МегаФон Тоҷикистон дар реҷаи вақти воқеӣ
дастрасии обунавиро ба тамошои филмҳо, силсилафилмҳо ва контенти видеоии студияҳои ҷаҳонӣ фароҳам
оварда, функсияҳои зеринро ба Муштарӣ пешниҳод менамояд:
- - Давраи якдафъаинаи иборат аз 14 рӯзи тақвимии дастрасӣ ба Хизматрасонии "онлайн-кинотеатри Иви" бе
пардохти ҳармоҳа барои ҳама Корбарони нав;
- - Тамошои филмҳо, филмҳои тасвирӣ ва силсилафилмҳои киностудияҳои хориҷӣ ва ИДМ дар доираи обуна ба
Хизматрасонӣ;
- - Имконияти гӯш кардани видео-контенти боргирӣ ва кэшшуда дар реҷаи офлайн (аз ҷумла дар сурати мавҷуд
набудани дастрасӣ ба Интернет);
- - Тавсияҳо оид ба навгонӣ, жанрҳо, мавзӯъҳо, кишварҳо, киностудияҳо ва тавсияҳои шахсӣ, ки ба Муштарӣ
мутобиқ карда шудаанд.
- - Ҷустуҷӯи қулай, филтрҳои танзимшаванда, инчунин имконияти ба як сӯ гузоштан барои тамошои минбаъда
дар вақти мувофиқ.
- - Қобилияти таваққуф кардан, бозгаштан, 20 сония пеш гузаронидан, тағйир додани сифати тасвир,
имконияти ба тамошои оянда гузоштан.
- - Дастрасӣ ба номҳо ва тавсифи видео-контенти пешниҳодшуда ва дастрас (номи филм/филми
тасвирӣ/силсилафилс, коргардон, ҳунармандон, эҷодкорон, мундариҷаи мухтасар, рейтинги Кинопоиск,
муқова)
2.2. Дастрасӣ аз рӯйи обуна - маънои онро дорад, ки ба корбар имкони дастрасӣ ба рӯйхати муайяни воҳидҳои
Контент дар давоми 24 соат, то гирифта шудани пардохти абонентии навбатӣ тибқи қоидаҳо, маҳдудиятҳо ва
талаботи техникии дар ин Қоидаҳо пешбинишуда пешниҳод карда мешавад. Мӯҳлати обуна аз лаҳзаи аз ҳисоби
шахсии Корбар гирифта шудани маблағ ҳисоб карда мешавад.
2.3 Пайвасткунӣ ва қатънамоии Хизматрасонии «онлайн-кинотеатри Иви»
2.3.1 Воситаҳои пайвастшавӣ ба Хизматрасонӣ:
- 1. Тавассути USSD-дархости *3399# - барои муштариёни Мегафон Тоҷикистон
- 2. Тавассути замимаи мобилии «МегаФон Life», бо пахши тугмаи «Пайвастшавӣ»
- 3. Тавассути сомонаи http://ivi.tj/ барои муштариёни Мегафон Тоҷикистон, бо рақамчинии рақами абонентӣ
ва тасдиқ намудани обуна пас аз ворид намудани рамз, ки тавассути занг гирифта шудааст.
2.3.2 Барои бақайдгирӣ дар Хизматрасонии «Онлайн-Кинотеатри Иви» ба Муштарӣ зарур аст:
Пайвастагии фаъол ба интернет бо қобилияти гузариши шабака на камтар аз 1 Мб/с барои тамошои
видео-контенти дорои сифати стандартӣ, 6 Мб/с барои Full HD; Замимаи фаъолкардашудаи Иви аз Play
market/App Store ё замимаи Windows дар дастгоҳи Муштарӣ ё дастрасӣ ба веб-портали Хизматрасонӣ тавассути
дастгоҳи Муштарӣ, Smart TV, дастгоҳ ва/ё компютери шахсӣ. Рӯйхати пурраи дастгоҳҳо ва талаботи система
дар саҳифаи Дорандаи ҳуқуқ оварда шудааст - https://www.ivi.ru/devices.
2.3.3 Бақайдгирӣ дар Хизматрасонӣ тавассути воридкунии Логин – рақами абонентӣ ва рамзе, ки тариқи
SMS-паёмак дастрас мегардад, бо яке аз роҳҳои зерин анҷом меёбад:
- - Дар web-портали ivi.ru;
- - Дар замимаи мобилии Иви;
- - Дар замимаи Смарт ТВ ё дастгоҳи бозӣ.
Агар рамзро фаромӯш карда бошед, пас система метавонад ба Шумо рамзи навро ҳангоми бақайдгириҳои минбаъда
дар Хизматрасонӣ ирсол намояд.
2.3.4 Истифодаи Хидматрасонӣ аз 5 (панҷ) дастгоҳи Корбар бо истифода аз ҳамон як рақами абонентии Корбар
имконпазир аст. Рамзи махсуси воридшавӣ аз ҷониби Хизматрасонӣ барои ҳар як дастгоҳ алоҳида фиристода
мешавад.
2.3.5 Муштарӣ пас аз пайваст кардани Хизматрасонӣ ва дар сурати саривақт супоридани Пардохти абонентӣ
имкон дорад, ки ҳангоми мавҷуд будани дастрасӣ ба Интернет тавассути замимаи мобилии фаъол, инчунин
тариқи компютерҳои шахсӣ бо истифода аз сомона бо суроғаи ivi.ru, бо ворид кардани логин ва рамзе, ки
пас аз воридкунии рақами муштарии Мегафон Тоҷикистон дастрас шудааст дар дилхоҳ вақт ба Хизматрасонӣ
дастрасӣ пайдо кунад.
2.3.6 Ҳангоми иваз кардани рақам аз ҷониби Корбари Мегафон Тоҷикистон, Истифодабаранда бояд Хидматрасонии
мувофиқро дубора фаъол кунад ва бақайдгириро дар Хизматрасонӣ гузарад.
2.3.7 Хизматрасониро метавон бо роҳҳои зерин қатъ намуд:
- - Тавассути USSD-дархости *3399*0# - барои муштариёни Мегафон Тоҷикистон
- - Дар замимаи “МегаФон Life”, бо пахши “Қатънамоӣ”
Дар сурати гирифта нашудани Пардохти абонентӣ обуна ба Хизматрасонӣ боздошта мешавад. Дастрасӣ ба тамошои
филмҳо, силсилафилмҳо ва дигар контенти видеоӣ қатъ мегардад. Пас аз пур кардани тавозун ва гирифта
шудани пардохти абонентӣ барои обуна дастрасӣ аз нав барқарор мешавад.
3. Пардохти абонентӣ барои Хизматрасонӣ
3.1 Ҳаҷми пардохти абонентӣ барои Хизматрасонӣ вобаста аз опсияҳои интихобшуда чунин аст:
- - 2 (ду) сомонӣ дар як шабонарӯз
Нархи дастрасии обуна метавонад аз ҷониби Провайдер тағйир дода шавад, дар ин ҳолат Корбар тибқи
қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ карда мешавад.
Пардохти саривақтии пардохти абонентӣ шарти ҳатмӣ барои дастрасӣ ба Хизматрасонӣ мебошад. Дастрасӣ ба
Хизматрасонӣ аз лаҳзаи гирифта шудани пардохти абонентӣ абонентӣ ва то соати 00:00 рӯзи дигар бо вақти
Душанбе таъмин карда мешавад. Пардохти абонентӣ аз ҳисоби шахсии Муштарӣ ҳар рӯз аз соати 00:00 то 02:00
бо вақти Душанбе гирифта мешавад.
3.2 Барои муштариёни Мегафон Тоҷикистон пардохти абонентӣ дар сурати мавҷуд будани маблағи кофӣ ҳангоми
пайвастшавӣ ба Хизматрасонӣ барои муштариён бо тартиби пешпардохтии ҳисоббаробаркуниҳо ва меъёри
зиёднашудаи қарзӣ барои муштариён бо тартиби қарзии ҳисоббаробаркуниҳо пурра гирифта мешавад ва сипас
ҳармоҳа вобаста ба опсияи интихобшуда нархгузорӣ мегардад. Агар пардохти абонентӣ аз соати 00:00 то
02:00 ба вақти Душанбе бо сабаби нокифоя будани маблағи тавозун гирифта нашавад, пешниҳоди Хизматрасонӣ
боздошта мешавад. Ҳангоми пур кардани тавозун ба маблағи кофӣ Пардохти абонентӣ пурра гирифта шуда,
Хизматрасонӣ ба андозаи дахлдор пешниҳод мегардад.
Хизматрасонӣ ба Муштарӣ ҳангоми ба сифр баробар будани тавозун (барои ҳисоббаробаркуниҳои пешпардохтӣ) ва
ҳангоми ба поён расидани меъёри қарзӣ (барои тартиби қарзии ҳисоббаробаркуниҳо), дар ҳолати тамом шудани
трафики интернети мобилӣ, аз ҷумла трафики интернете, ки ба бастаи хизматрасониҳои тарофаи Муштарӣ дохил
карда шудааст, дастнорас хоҳад буд.
3.3 Ҳангоми пайвастшавии нахустин ба Хизматрасонӣ ба Муштарӣ огоҳиномаи дахлдор равона карда мешавад, ки
дар он пешниҳоди дастрасии якдафъаина ба Хизматрасонӣ бидуни пардохти ҳармоҳа ба мӯҳлати 14 (чордаҳ)
рӯзи истифода (давраи озмоишӣ) ва маблағи Пардохти абонентӣ, ки пас аз давраи озмоишӣ ситонида мешавад,
дарҷ мегардад. Арзиши давраи озмоишӣ ба арзиши хизматрасонӣ дохил карда мешавад.
Агар дар давоми давраи озмоишӣ Муштарӣ аз истифодаи Хизматрасонӣ даст кашад, пас дар сурати такроран
пайваст шудан ба Хизматрасонӣ дар давоми 14 рӯз аз рӯзи пешниҳоди мӯҳлати озмоишӣ, ба Муштарӣ рӯзҳои
боқимонда то анҷоми давраи озмоишӣ пешниҳод карда мешаванд.
4. Нархгузории трафики интернет:
4.1 Хизматрасонӣ ба муштариёни Мегафон Тоҷикистон дар реҷаи вақти воқеӣ, ҳангоми мавҷуд будани дастрасӣ
ба интернет пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми набудани дастрасӣ ба Интернет, Муштарӣ метавонад
видео-контенти кэшшудаеро тамошо кунад, ки аллакай боргирӣ кардааст.
4.2 Барои муштариёни Мегафон Тоҷикистон - трафики воридотӣ ва содиротии интернетӣ дар доираи
Хидматрасонии "онлайн-кинотеатри Иви" нархгузорӣ намешавад.
4.3 Ҳангоми пайвастшавӣ ба Хизматрасонӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон трафики воридотӣ ва содиротии
интернет тибқи нархҳои муқарраргардидаи роуминги стандартӣ нархгузорӣ мешавад.
4.4 Ҳангоми аз ҷониби Муштарӣ истифода шудани трафики интернетии операторони берунӣ трафики воридотӣ ва
содиротии интернет тибқи нархҳои муқарраркардаи муқарраркардаи операторони берунӣ нархгузорӣ
мешавад.
5. Дастгоҳҳои мувофиқ:
Хизматрасониро метавон дар дастгоҳҳои зерин ба кор даровард:
- - Смартфонҳо ва планшетҳо дар заминаи Android (намунаи 4.2+) тавассути бакордарории Замимаи мобилӣ
- - Смартфонҳо ва планшетҳо дар заминаи iOS (намунаи 7+) тавассути бакордарории Замимаи мобилӣ
- - Смартфонҳо ва планшетҳо дар заминаи Windows (OS 8 Mobile) тавассути бакордарории Замимаи мобилӣ
- - Компютерҳо, ноутбукҳо, Xbox (Windows 10 намунаи 16299.0 ё дертар истеҳсолшуда, Xbox One) тавассути
бакордарории барнома
- - WEB ҳама гуна шаклҳои системаҳои оператсионии дар компютерҳои шахсӣ насбшуда (Windows, Mac OS, UNIX)
ва браузерҳои интернетиро дастгирӣ мекунад: Chrome 77 ва боло, Firefox 69 ва боло, Opera 64 ва боло,
Internet Explorer 11 ва боло, Safari 8 ва боло.
- - Телевизорҳои Smart TV (LG, Samsung, Sony, Philips, Toshiba, Xiaomi) тариқи бақайдгирӣ дар замимаи
васлшудаи Иви.
- - Дастгоҳҳои телевизионӣ (Apple TV, Android TV, Eltex, IconBIT, Cinemood) тариқи бақайдгирӣ дар
замимаи васлшудаи Иви.
- - Дастгоҳҳои бозӣ (Xbox, Playstation) тавассути ба кор даровардани замимаи Иви.6.
6. Шартҳои иловагӣ
6.1 Хизматрасонии “Онлайн-кинеотеатри Иви” тавассути таъминоти барномавии маҷмӯии Иви таъмин карда
мешавад. Ҳуқуқ ба таъминоти барномавии мураккаби Иви ба Ivi.ru тааллуқ дорад. Ҳама ҳуқуқҳои моликияти
зеҳнӣ ба Контенти дар Хизматрасонӣ ҷойгиршуда ба соҳибҳуқуқони қонунии он тааллуқ доранд. Хизматрасонӣ
ва Контент ҳамчун объекти моликияти зеҳнӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи қаламрави мушаххасе, ки дар он
корбар ба Хизматрасонӣ ва тамошои контент дастрасӣ дорад, инчунин тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ
таҳти ҳимояи ҳуқуқӣ қарор доранд. Провайдер барои риояи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди Контент дар доираи Хизматрасонӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи
ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ масъулиятро ба зимма дорад.
6.2 Агар дар Қоидаҳо тартиби дигаре ба таври возеҳ пешбинӣ нагардида бошад ё аз ҷониби Соҳибҳуқуқ ва/ё
Провайдери Иви муқаррар нашуда бошад, Корбар ҳуқуқи моликияти зеҳниро ба Контент ба даст намеорад,
бахусус ҳуқуқ надорад, ки қисмҳои Контентро дубора офарад, фурӯшад, ба тавре бегона намояд, ба таври
оммавӣ намоиш диҳад, ба таври оммавӣ ба иҷро расонад, ба маълумоти омма расонад ва ғайра. Барои вайрон
кардани ҳуқуқҳои моликияти зеҳнии Провайдер, соҳибҳуқуқони Контент ё шахсони сеюм Корбар мутобиқи
қонунгузории амалкунандаи ҳудуди мушаххас, ки дар он дастрасӣ ба тамошои онҳо пешниҳод мегардад, инчунин
мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ масъулиятро ба зимма дорад.
6.3 Ҳама гуна амалҳое, ки ба канорагирӣ аз воситаҳои техникии муҳофизат бо мақсади пайдо кардани дастрасӣ
ба тамошои Контент нигаронида шудаанд, нақзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ҳисоби мешаванд ва Корбар барои
чунин амалҳо мустақилона масъулияти ҳуқуқӣ ё дигари мутобиқи қонунгузории амалкунанда пешбинишударо ба
зимма дорад.
6.4 Дар сурате, ки Контент ё маълумоти дигари дар Хизматрасонӣ дарҷгардида ба таври оммавӣ, масалан, дар
маконҳои фароғатӣ ё ҷойҳои вақтгузаронӣ паҳн карда шавад, ташкилкунандагони чунин амали оммавӣ
масъулиятро ба зимма гирифта, мустақилона шикоятҳои соҳибҳуқуқон ва/ё шахсони сеюми ба чунин
истифодабарӣ алоқамандро бартараф менамоянд.
6.5 Дар сурати аз ҷониби Корбар вайрон карда шудани қоидаҳои обуна ва пешниҳоди Хизматрасонӣ Провайдер
ҳуқуқ дорад, дастрасии Корбарро ба Хизматрасонӣ ба таври яктарафа ғайрифаъол намояд.
6.6 Контент дар Хидматрасонӣ ба забони русӣ ва дигар забонҳо, аз ҷумла бо тарҷума/дубляж/субтитр ба
забони русӣ ё бидуни он, бо интихоби Соҳибҳуқуқи Иви ҷойгир карда мешавад.
6.7 Хизматрасонӣ метавонад бо салоҳдиди Оператор, Провайдер, Соҳибҳуқуқ ва/ё баъди ба охир расидани
мӯҳлатҳои пешниҳоди ҳуқуқ ба Контент аз ҷониби соҳибҳуқуқони Контент қатъ карда шавад.
6.8 Тамоми контент ва Хизматрасонӣ танҳо барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷоратӣ пешбинӣ шудааст. Ҳама
гуна нусхабардорӣ, истеҳсолкунӣ, коркард, паҳнкунӣ, ба маълумоти рммав расонидан ё дигар намуд истифодаи
контенти Хизматрасонӣ, инчунин ҳама гуна истифодаи он бо мақсадҳои тиҷоратӣ манъ аст. Истифодабаранда
ҳуқуқ надорад, ки контент (дилхоҳ қисми онро) дар доираи чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла тавассути интишор
дар Интернет, эфир ва/ё тавассути кабел (ҳам пулакӣ ва ҳам бепул) намоиш диҳад, ба омма расонад.
6.9 Бо сабти ном дар web-портали ivi.ru ё дар замимаи мобилии Иви, дар замимаи Смарт ТВ ё дастгоҳи бозӣ,
шумо ба созишномаии корбарии ivi.ru розӣ мешавед.